Главная / Ҷамъият / Бақайдгирӣ

Бақайдгирӣ

Моддаи 162-и Кодекси Андоз. Бақайдгирӣ

  1. Ариза ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда мувофиқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.
  2. Ҳангоми додани ариза ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда мақомоти андоз вазифадоранд чунин шахсро дар феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта, дар давоми 10 рўзи баъди супоридани ариза ба ў дар хусуси аз рўи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуданаш шаҳодатнома диҳанд ва дар он номи пурра (насаб, ном ва номи падар), суроғаи ҳуқуқӣ (маҳалли истиқомат) ва маълумотидигар дар бораи андозсупоранда, санаи додани шаҳодатнома, санае, ки аз он бақайдгирӣ эътибор пайдо мекунад ва рақами мушаххаси андозсупорандаро зикр намоянд.
  3. Варақаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда варақаи ҳисоботии қатъӣ мебошад ва он ба андозсупоранда ройгон дода мешавад.
  4. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашударо андозсупоранда бо худ нигоҳ медорад ва ҳангоми бекор шудани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда онро бояд ба мақомоти андози дахлдор баргардонад.
  5. Шакли варақа, тартиби супоридан ва гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
  6. Бақайдгирӣ дар яке аз санаҳои зерин, вобаста ба он ки кадоме аз ин санаҳо пештар фаро мерасад, эътибор пайдо мекунад:

– ҳангоми бақайдгирии ҳатмӣ вобаста ба ҳаҷми даромади умумӣ – аз рӯзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки дар он даромади умумии андозсупоранда аз ҳадди даромад зиёд шудааст;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

– шахсоне, ки дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 291 Кодекси мазкур муайян карда шудаанд, – аз санаи бақайдгирии давлатӣ;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

-нисбат ба вориси ҳуқуқӣ – аз лаҳзаи ба даст овардани ҳуқуқ.

  1. Мақомоти андоз вазифадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашударо, ки он дар бораи ҳамаи шахсони барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бақайдгирифташуда маълумоти муфассалро дар бар мегирад, кушоянд ва пеш баранд.
  2. Агар шахс ўҳдадор бошад, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад ва ў барои бақайдгирӣ сари вақт ариза надода бошад, мақомоти андоз бо ташаббуси худ андозсупорандаро ба қайд гирифта, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ўро ба ҷавобгарӣ кашида, ба вай ҳуҷҷатҳои дахлдор мефиристанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …