Главная / Ҷамъият / Оқибатҳои бекор гардидани қарор бо қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Оқибатҳои бекор гардидани қарор бо қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 160-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Оқибатҳои бекор гардидани қарор бо қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Бекор кардани қарор бо қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боиси баргардонидани маблағ, ашёи бо подош гирифташуда ва мусодирашуда, инчунин бекор кардани дигар маҳдудиятҳои марбут бо қарори қаблан қабулшуда мегардад. Ҳангоми баргардонида натавонистани ашё, арзиши он мутобиқи арзиши рӯзи  содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ рӯёнида мешавад.
  2. Дар бораи бекор кардани қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ё бо хоҳиши шахсе, ки нисбати ӯ қарор бекор гардидааст, ба ҷойи кор, таҳсил ва ё истиқомати ин шахс хабар дода мешавад.
  3. Зараре, ки ба шахс дар натиҷаи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ расонида шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда  мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

kak-nakachat-grud-zhenshhine

Крем барои синаи занро калон кардан чи бояд кард?

Барои калон намудан (шудани) синна як чанд усулҳо вуҷуд доранд, аз ҷумла хурдани таъомҳои махсус, …