Главная / Ҷамъият / Андозсупорандагон

Андозсупорандагон

Моддаи 160-и Кодекси Андоз. Андозсупорандагон

  1. Супорандаи андоз аз арзиши иловашуда шахсе мебошад, ки тибқи моддаи 161 Кодекси мазкур ўҳдадор аст ариза дода, ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад.
  2. Шахсе, ки ўҳдадор аст ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад, аз аввали давраи ҳисоботие, ки баъди давраи ба миён омадани ўҳдадории бақайдгирӣ фаро мерасад, оид ба андоз аз арзиши иловашуда андозсупоранда мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  3. Ба ғайр аз шахсоне, ки тибқи қисми 1 ҳамин модда супорандагони андоз аз арзиши иловашуда мебошанд, ҳамаи шахсоне, ки воридоти андозбандишавандаи молҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, оид ба чунин воридот супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ҳисобида мешаванд.
  4. Шахси ғайрирезидент, ки бидуни қайд барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба иҷрои корҳо ва хизматрасоние машғул аст, ки бояд мувофиқи моддаи 177 Кодекси мазкур андозбандӣ шаванд, оид ба чунин кору хизматрасониҳо супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мебошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …