Главная / Ҷамъият / Мувофиқат кунонидани лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳо, иншооту дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

Мувофиқат кунонидани лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳо, иншооту дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

Моддаи 16-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мувофиқат кунонидани лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳо, иншооту дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

1.Лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳ, иншооту дигар объектҳои дар моддаи 17 Кодекси мазкур нишондодашуда бояд бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти дигар мутобиқи ҳолатҳо ва тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, мувофиқат карда шавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

2.Сохтмони корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир  мерасонанд, танҳо ҳангоми мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ, иҷозат дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …