Моддаи 16-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Амалӣ кардани адолати судӣ
- Салоҳияти суд тибқи тартиби дар Кодекси мазкур пешбинишуда амалӣ карда мешавад ва худсарона дигар намудани он мумкин нест.
- Қарори суд аз рӯи парвандае, ки бо вайронкунии тобеият баррасӣ шудааст, ё бо баромадан аз ҳадди ваколатҳо ва ё бе назардошти меъёрҳои Кодекси мазкур қабул шудааст ва боиси вайрон гаштани принсипҳои дар боби мазкур зикргардида гаштааст, ғайриқонунӣ буда, бекор карда мешавад.
- Қарори суд мутобиқи меъёрҳои Кодекси мазкур аз тарафи суди болоӣ аз нав баррасӣ карда мешавад.