Главная / Ҷамъият / Ваколатҳои мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар фаъолияти шаҳрсозӣ

Ваколатҳои мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар фаъолияти шаҳрсозӣ

Моддаи 16-и  Қарори шаҳрсозӣ. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар фаъолияти шаҳрсозӣ


Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ваколатҳои зерин доранд:
– таҳияи тарҳҳои банақшагирии ҳудудҳо ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳияҳо (гурӯҳи ноҳияҳо), нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро ташкил менамоянд;
– назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи шаҳрсозиро амалӣ менамоянд;
– дар таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ оид ба рушди ҳудуд иштирок менамоянд;
– оид ба амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии рушди ҳудуди дахлдор тадбирҳо меандешанд;
– объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ва рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоиро интихоб ва ҷойгир менамоянд;
– ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор оид ба ҷойгиркунонии объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ва рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ пешниҳодҳо манзур менамоянд;
– барои тасдиқи лоиҳаҳои бино ва иншоот розигӣ медиҳанд;
– ҳамоҳангсозии корҳои лоиҳавӣ ва бозёфтҳои маҷмӯии муҳандисиро оид ба объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудуди дахлдор ва назорати муаллифии таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро амалӣ менамоянд;
– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …