Главная / Ҷамъият / Муҳлатҳои пардохти музди меҳнат

Муҳлатҳои пардохти музди меҳнат

Моддаи 158-и Кодекси Меҳнат. Муҳлатҳои пардохти музди меҳнат

  1. Муҳлати пардохти музди меҳнатро шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) муқаррар менамоянд, вале он дар ҳар ним моҳ камтар аз як маротиба буда наметавонад.
  2. Дар сурати мувофиқ омадани рўзи пардохти музди меҳнат ба рўзҳои истироҳат ё иди ғайрикорӣ маош дар арафаи чунин рўзҳо пардохт карда мешавад.
  3. Ҳангоми аз кор озод намудани корманд ҳамаи маблағҳои ў дар рўзи охирини кор пардохт карда мешаванд.
  4. Музди меҳнате, ки корманд то рўзи фавт нагирифтааст, ба аъзои оилаи ў ё шахсе дода мешавад, ки хароҷоти дафнро ба зимма гирифтааст.
  5. Агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз муҳлати муқарраргардида дертар пардохт карда шавад, ў уҳдадор аст ба андозаи фоизи меъёри бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рўзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рўзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад.
  6. Корфармо барои сари вақт напардохтани музди меҳнат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …