Главная / Ҷамъият / Пардохти андозҳо ва муқаррароти маъмурӣ

Пардохти андозҳо ва муқаррароти маъмурӣ

Моддаи 158-и Кодекси Андоз. Пардохти андозҳо ва муқаррароти маъмурӣ

  1. Супорандагони андоз аздаромад андозро дар маҳалли баҳисобгириашон дар мўҳлатҳои барои пешниҳод намудани эъломияҳои андоз муқарраршуда пардохт менамоянд.
  2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби кор дар ташкилотҳои дипломатию консулгарии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашудаи ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд, вазифадоранд аз даромадҳои худ мустақилона андози даромадро дар мўҳлатҳои барои пешниҳоди эъломия муқарраршуда супоранд.
  3. Тақсим кардани маблағи пардохтҳои ҷории андоз аз фоида, инчунин маблағҳои андозе, ки бояд ба қисми даромади буҷетҳо аз рўи ҷамъбасти соли тақвимӣ гузаронида шаванд, аз ҷониби корхона байни буҷетҳои маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона, инчунин дар маҳалли ҷойгиршавии ҳар як воҳиди алоҳидаи он бо дарназардошти ҳиссаи хароҷот барои пардохти музди меҳнате, ки ба воҳиди асосии корхона ва ба ҳар як воҳиди алоҳидаи корхона дар хароҷоти умумии музди меҳнат дар корхона (воҳиди асосии корхона дар якҷоягӣ бо ҳамаи воҳидҳои алоҳидаи корхона) тааллуқ дорад, мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона сурат мегирад.Ҳиссаҳои хароҷоти барои пардохти музди меҳнат дар ҳамин қисмпешбинигардидабо дарназардошти нишондиҳандаҳои воқеии хароҷот барои музди меҳнати воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои алоҳидаи он мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона барои охири давраи ҳисоботӣ муайян карда мешаванд.
  4. Ҳисоб кардани маблағи пардохтҳои ҷории андоз аз фоида, инчунин маблағҳои андозе, ки бояд ба қисми даромади буҷетҳо аз рўи ҷамъбасти соли тақвимӣ дар маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона ва ҳар кадом воҳиди алоҳидаи он пардохт шаванд, аз ҷониби корхона мустақилона анҷом дода мешавад.Маълумотро дар бораи маблағҳои пардохтҳои ҷории андоз аз фоида, инчунин дар бораи маблағҳои аз рўи ҷамъбасти соли тақвимӣ ҳисобкардашуда корхона ба воҳидҳои алоҳидаи худ, инчунин ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии худ ва маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳида на дертар аз мўҳлати барои амалӣ намудани пардохтҳои ҷорӣ мутобиқи моддаи 157 Кодекси мазкур муқарраргардида ва барои пешниҳоди эъломия аз рўи андоз аз фоида мутобиқи моддаи 156 Кодекси мазкур дастрас менамояд.
  5. Корхона маблағи пешпардохтҳо ва маблағи андозеро, ки аз рўи ҷамъбасти соли тақвимӣ ҳисоб карда шудааст, ба буҷети маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои алоҳидаи он тавассути воҳиди асосии корхона ё тариқи ҳар воҳиди алоҳидаи на дертар аз мўҳлати муқаррарнамудаи ҳамин модда ва моддаи 157 Кодекси мазкур месупорад.
  6. Супорандагони андоз аз фоида ҳисоби ниҳоӣ анҷом медиҳанд ва андозро дар маҳалли баҳисобгириашон на дертар аз 10-уми апрели соли баъди соли тақвимии ҳисоботӣ фарорасанда пардохт менамоянд.
  7. Бонки миллии Тоҷикистон андоз аз фоидаро на дертар аз  1 августи соле, ки баъди соли ҳисоботӣ фаро мерасад, месупорад (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188).
  8. 8. Назорати пардохти андоз аз фоида ва андоз аз даромад аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешавад.
  9. 9. Дастурамалҳо оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз фоида ва андоз аз даромад, инчунин шаклҳои эъломияҳо ва ҳисобҳои дахлдор аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …