Главная / Ҷамъият / Пардохтҳои ҷории (пешпардохти) андоз

Пардохтҳои ҷории (пешпардохти) андоз

Моддаи 157-и Кодекси Андоз. Пардохтҳои ҷории (пешпардохти) андоз

  1. Супорандагони андоз аз фоида, ба истиснои шахсоне, ки мутобиқи фасли XVI Кодекси мазкур андозбандӣ мешаванд, вазифадоранд пардохти ҷории ҳармоҳаро (ҳар семоҳаро) ба буҷет на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз моҳи (семоҳа) ҳисоботӣ фаро мерасад, анҷом диҳанд.
  2. Супорандагони андоз аз фоида, ба истиснои шахсоне, ки дар баҳисобгирии нозироти андози андозсупорандагони калон мебошанд ва шахсоне, ки маблағи андоз аз фоидаи онҳо барои соли гузаштаи тақвимӣ аз маблағи муайяннамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ зиёд мебошад, вазифадоранд ҳар семоҳа пардохти ҷориро ба буҷет на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, анҷом диҳанд.
  3. Маблағи ҳар пардохти ҷории моҳона (семоҳа) дар давраи 12-моҳа, ки ҳар 15-уми апрел оғоз меёбад, наметавонад аз ҳар як маблағҳои зерин камтар бошад:

– аз дувоздаҳ як қисми (аз чор як қисми) маблағи андоз аз фоида барои соли гузаштаи андоз;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

– 1 фоизи даромади умумии моҳи (семоҳаи) ҳисоботӣ.

  1. Пардохтҳои ҷории андоз аз фоида ба маблағи ин андози барои соли тақвимӣ пардохтшавандабаҳисоб гирифта мешаванд. Ҳама гуна пардохтҳои барзиёди ҷории андоз аз фоида дар муқоиса бо ўҳдадорӣ доир ба ин андоз барои соли тақвимӣ ба ҳисоби ўҳдадориҳо оид ба дигар андозҳо гирифта мешаванд ё ба андозсупоранда баргардонида мешаванд.
  2. Пардохтҳои ҷорӣ аз рўи андоз аз фоида пардохтҳои ҳатмӣ буда, барои сари вақт напардохтани онҳо фоизҳо ҳисоб карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …