Главная / Ҷамъият / Давраи андоз

Давраи андоз

Моддаи 155-и Кодекси Андоз. Давраи андоз

  1. Давраи андоз аз даромадбарои даромадҳои дар шакли музди меҳнати аз ҷониби шахсони воқеӣ гирифташуда, ки андоз аз онҳо дар манбаи пардохт ситонида шудааст, моҳи тақвимӣ мебошад, агар тартиби дигар дар Кодекси мазкур пешбинӣ нагардида бошад.
  2. Давраи андоз аз даромадбарои даромадҳои шахсони воқеие, ки андоз аз онҳо дар манбаи пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида намешавад, соли тақвимӣ мебошад, агар боби мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
  3. Давраи андоз аз фоида соли тақвимӣ мебошад. Ҳамзамон пешниҳоди ҳисобҳои пардохтҳои ҷории андоз аз фоида ва пардохти онҳо дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 156-158Кодекси мазкур амалӣ мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …