Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи кӯдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд

Ҳуқуқи кӯдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд

Моддаи 154-и Кодекси оила. Ҳуқуқи кӯдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд 

  1. Кӯдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд қарор доранд, чунин ҳуқуқҳо доранд:

– ба таъминот, тарбия, таълим, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ, таъмини манфиатҳояшон;

– ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;

– ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва ҳангоми мавҷуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил хонаи истиқоматӣ гиранд;

– пас аз хатми муассисаҳои зикргардида ба имтиёз барои ба кор даромадан мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

  1. Кӯдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида қарор доранд, инчунин дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаҳои 55, 56 ҳамин Кодекс мебошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …