Главная / Ҷамъият / Оқибатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан

Оқибатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан

Моддаи 154-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Оқибатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан 

  1. Шикоят кардан ва эътироз овардан иҷрои қарорро ба истиснои иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ бозмедорад.
  2. Пас аз гузаштани мӯҳлати барои шикоят кардан ё эътироз овардан муайянгардида судяе, ки қарорро баровардааст, парвандаро бо шикоят, эътироз ва эродҳои нисбат ба он расида ба суди марҳилаи кассатсионӣ мефиристад ва дар ин бора  шахсонеро, ки  шикоят ё эътироз овардаанд, огоҳ мекунад.
  3. Шахсе, ки аз рӯи қарор шикоят кардааст ва эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад онро то оғози маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ бозхонад.
  4. Шахсе, ки аз рӯи қарор шикоят кардааст ва эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад онро тағйир диҳад ё шикоят ё эътирози худро бо далелҳои нав пурра кунад. Зимнан дар эътирози иловагии прокурор ё дар шикояти шахс дар бораи тағйир додани шикоят, ҳамчунин дар шикояти иловагии ҷабрдида ё намояндагони онҳо, ки пас аз гузаштани мӯҳлати овардани шикоят ё эътироз ба қарор пешниҳод шудааст‚ дар бораи бад кардани вазъи шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, агар чунин талаб дар шикоят ё эътирози пештар овардашуда ҷой надошта бошад, масъала гузоштан мумкин нест.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …