Главная / Ҷамъият / Музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба ҷойи корманди дигар кор кардан

Музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба ҷойи корманди дигар кор кардан

Моддаи 153-и Кодекси Меҳнат. Музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба ҷойи корманди дигар кор кардан

  1. Дар вақти муваққатан ба ҷойи корманди дигар кор кардан дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, музди меҳнат барои корманди ивазкунанда ба андозаи маоши вазифавии (мансабии) кормандони ивазшаванда бо воҳиди корӣ (бе илова ва зиёдшавӣ) пардохт карда мешаванд.
  2. Корманди ивазкунанда аз рўи шарт ва ба андозаи барои вазифаи (мансаби) корманди ивазшаванда муқарраргардида ҳавасманд гардонида мешавад.
  3. Шарт ва тартиби пардохти музди меҳнат дар вақти муваққатан ба ҷойи корманди дигар дар дигар ташкилотҳо кор кардан, ки аз тарафи корфармо муқаррар гардидааст, дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …