Главная / Ҷамъият / Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, муолиҷавӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд

Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, муолиҷавӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд

Моддаи 152-и Кодекси оила.  Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ,  муолиҷавӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд 

  1. Ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, таълимӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд таҳти васояти пурраи давлат қарор доранд, васӣ (парастор) таъин карда намешавад. Иҷрои чунин ӯҳдадориҳо ба зиммаи маъмурияти ин муассисаҳо гузошта мешавад.

Аз ҷониби васӣ (парастор) дар чунин муассиса  муваққатан  қарор додани кӯдак ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васиро (парасторро) нисбат ба ин кӯдак қатъ намесозад.

  1. Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот, тарбия ва таълими кӯдакони дар ин муассисаҳо қарордоштаро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, назорат мекунанд.
  2. Ҳимояи ҳуқуқи дастпарварони (хатмкунандагони) муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …