Главная / Ҷамъият / Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ ғоибанд

Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ ғоибанд

Моддаи 1521-и Кодекси оила. Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ ғоибанд 

  1. Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ (зиёда аз 3 моҳ) ғоибанд ё дар таълиму тарбияи хешу ақрабояшон қарор доранд, ки ин хешу ақрабо дорои ҳуҷҷати дахлдор нестанд, аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ таъин карда мешавад.
  2. Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот ва таълиму тарбияи кӯдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро назорат мекунанд.
  3. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

 

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …