Главная / Ҷамъият / Музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун

Музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун

Моддаи 151-и Кодекси Меҳнат. Музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун

  1. Ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун музди меҳнати кормандони вақтбайъ, инчунин кормандони дигар аз рўи кори дараҷаи баландтари тахассусӣ дода мешавад.
  2. Ба кормандони корбайъ аз рўи нархномаи корҳои иҷрошуда музд дода мешавад.
  3. Дар ҷойе, ки аз рўи хусусияти истеҳсолот ба кормандони корбайъ иҷрои корҳои тарифашон аз дараҷаҳои ба онҳо додашуда пасттар супорида мешавад, таносуби байнидараҷавӣ пардохт карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …