Главная / Ҷамъият / Мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 150-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан  ба қарор  оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз шахсони дар моддаҳои 26-30 ва 36 Кодекси мазкур пешбинишуда метавонанд аз лаҳзаи супорида шудани  нусхаи қарор ё гирифтани он шикоят ва эътироз  намоянд.
  2. Ба қарорҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ дар мӯҳлати панҷ шабонарӯзи баъди супоридан ё гирифтани нусхаи қарор шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.
  3. Ба қарор дар бораи бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар мӯҳлати як шабонарӯз аз лаҳзаи эълон кардани он шикоят ва эътироз овардан мумкин аст. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Шикоят ва эътирозҳое, ки бо гузаронидани мӯҳлат арз шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …