Главная / Ҷамъият / Ваколатҳои мақомоти дигари иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Ваколатҳои мақомоти дигари иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Моддаи 15-и  Қарори шаҳрсозӣ. Ваколатҳои мақомоти дигари иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ

  1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ ваколатҳои зерин доранд:
    – нигоҳдории фонди манзил, бино ва иншооти таъиноти ҷамъиятӣ ва истеҳсолиро таъмин менамоянд;
    – масъалаи ҷойгиркунонии аҳолӣ, рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоиро ҳал менамоянд;
    – оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ барои сохтмони иншооти таъиноти маҳаллидошта вазифаи фармоишгарро иҷро намуда, маблағгузории онҳоро таъмин менамоянд;
    – дар мувофиқа бо сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар бораи сохтмони бино ва иншоот қарор қабул мекунанд;
    – дар ҳудуди худ фаъолияти шаҳрсозиро, ки ба талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ нест, маҳдуд месозанд, бозмедоранд ва манъ менамоянд. Маҳдудсозӣ, боздоштан ва манъ намудани фаъолияти шаҳрсозии субъектҳои соҳибкорӣ бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки маҳдудсозӣ ва боздоштани фаъолият дар мӯҳлати на беш аз даҳ рӯзи корӣ бо сабаби пешгирии ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда, эпидемияҳо ва дигар таҳдидҳои воқеӣ ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ;
    – вайрон кардани объектҳои худсарона сохташударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамоянд;
    – нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳракҳоро таҳия намуда, ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамоянд;
    – нақшаҳои муфассали банақшагирии қисмҳои ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва нақшаҳои иморатсозии маҳалҳо ва дигар унсурҳои сохтори банақшагирии маҳалҳои аҳолинишинро таҳия намуда, онҳоро барои баррасӣ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамоянд;
    – баҳисобгирии ҳолати техникии бино, иншоот ва объектҳои дигари маҳалҳои аҳолинишинро ташкил менамоянд;
    – ба аҳолӣ дар бораи қарорҳои вобаста ба фаъолияти шаҳрсозӣ қабулшаванда мунтазам иттилоъ медиҳанд;
    – дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
    2. Муқаррароти сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи мазкур нисбат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои ба ҳайати шаҳрҳо дохилбуда татбиқ намегарданд.
    3. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи шаҳрсозӣ ваколатҳои зерин доранд:
    – дар ҳудуди худ нигоҳдории фонди манзил, объектҳои таъиноти ҷамъиятӣ ва истеҳсолиро таъмин менамоянд;
    – вобаста ба масъалаи ҷойгиркунонии аҳолӣ, рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ барои сохтмони объектҳои таъиноти маҳаллидошта ба мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маводи заруриро пешниҳод менамоянд;
    – дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …