Главная / Ҷамъият / Тартиби шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Тартиби шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 149-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартиби  шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Шикоят ва эътироз ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки оид ба ин парванда қарор қабул кардаанд, супорида мешавад ва онҳо вазифадоранд дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди ворид шудани шикоят ё эътироз онро бо тамоми маводи парванда ба суди болоӣ, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ фиристонанд.
  2. Шикоят ва эътирози овардашуда оид ба қарори судя дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷазои ҳабси маъмурӣ ва бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар рӯзи гирифтани он ба суди болоӣ фиристода шавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  3. Шикоят ва эътирозро барои баррасӣ бевосита ба суди болоӣ, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ пешниҳод кардан мумкин аст. Дар ин маврид мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ба онҳо шикоят ва эътироз ворид шудааст, вазифадоранд дар мӯҳлати се шабонарӯз парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз мақоми онро баррасикарда талаб карда гиранд. Дар сурати бевосита ба суди болоӣ шикоят кардан ва эътироз овардан оид ба қарори судя дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди бо роҳи маъмурӣ  берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди болоӣ дар рӯзи гирифтани шикоят ва эътирози мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз суде, ки онро баррасӣ кардааст, талаб карда мегирад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Агар баррасии шикоят ва эътироз оид ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳти салоҳияти суди болоӣ, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) қарор надошта бошад, дар ин ҳолат шикоят ва эътироз дар мӯҳлати се шабонарӯз барои баррасӣ аз рӯи тобеият фиристода мешавад.
  5. Барои шикоят ва эътироз аз болои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боҷи давлатӣ пардохта намешавад.
  6. Қарорҳои судя, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ, суди болоӣ, ки аз рӯи шикоят ва эътироз қабул гардидаанд, аз лаҳзаи эълон кардани қарор эътибори қонунӣ пайдо намуда, дар мӯҳлати се шабонарӯз барои иҷро фиристода мешаванд. Ин қарорҳоро танҳо ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …