Главная / Ҷамъият / Тартиби баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ

Тартиби баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ

Моддаи 149-и Кодекси Андоз. Тартиби баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ

  1. Баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ бо мақсадҳои андозбандӣ танҳо тибқи муқаррароти амалкунанда оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳисобгирии муҳосиботӣ таҳия гардидааст, ба анҷом расонида мешавад.
  2. Ҳангоми баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ андозсупоранда вазифадор аст, ки арзиши молҳои истеҳсолнамуда ё харидаашро, ки мутаносибан дар асоси хароҷоти истеҳсолӣ (арзиши аслӣ) ё нархи хариди онҳо муайян карда мешавад, дар ҳисоботи андоз нишон диҳад. Аз ҷумла, андозсупоранда вазифадор аст ба арзиши ин молҳо хароҷоти нигоҳдорӣ ва интиқоли онҳоро ҳамроҳ кунад.
  3. Ҳангоми ба ҳисоб гирифтани захираҳои молию моддӣ андозсупоранда ҳақ дорад, ки арзиши мол ё маҳсулоти нуқсондор, ботинан кўҳнашуда ё аз мўд баромадаро, ки бо ҳамин сабаб ё бо сабабҳои шабеҳ бо нархи зиёдтар аз хароҷоти барои истеҳсоли (нархи хариди) онҳо сарфшуда фурўхтан мумкин нест, дар асоси нархе, ки онҳоро фурўхтан мумкин аст, баҳо диҳад.
  4. Нисбат ба молҳое, ки андозсупоранда оид ба онҳо баҳисобгирии инфиродӣ пеш намебарад, ў метавонад барои баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ яке аз се усули зеринро истифода барад:

-усули ФИФО, ки мутобиқи он дар давраи ҳисоботӣ сараввал молҳои дар аввали давраи ҳисоботӣ ба захираҳои молию моддӣ дохилгардида ва сипас молҳое, ки дар давоми давраи ҳисоботӣ истеҳсол (харида) шудаанд, мувофиқи навбати истеҳсолашон (харидашон) фурўхташуда (истифодашуда) ҳисоб карда мешаванд;

-усули ЛИФО, ки мутобиқи он дар давраи ҳисоботӣ сараввал молҳое, ки охирин истеҳсол (харид) шудаанд, фурўхташуда (истифодашуда) ҳисоб карда мешаванд;

– усули баҳо додан тибқи арзиши аслии миёна.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …