Главная / Ҷамъият / Васиён ва парасторони ноболиғон

Васиён ва парасторони ноболиғон

Моддаи 148-и Кодекси оила. Васиён ва парасторони ноболиғон 

  1. Танҳо шахсони болиғи қобили амал васӣ ва парастор таъин шуда метавонанд.
  2. Шахсони зерин васӣ ва парастор таъин шуда наметавонанд:

– шахсоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд:

– шахсоне, ки қаблан кӯдакро ба фарзандхонда қабулкарда, агар фарзандхондкунӣ бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон бекор карда шуда бошад;

– шахсоне, ки бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон аз вазифаи васӣ ё  парасторӣ озод карда шудаанд;

– шахсони мубталои  майзадагӣ ва нашъамандӣ, инчунин шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломатӣ (қисми 1 моддаи 127 ҳамин Кодекс) наметавонанд ӯҳдадориҳояшонро оид ба тарбияи кӯдак  анҷом диҳанд.

  1. Мақомоти васояту парасториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

(ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1239)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …