Главная / Ҷамъият / Лаҳзаи хароҷот ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ

Лаҳзаи хароҷот ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ

Моддаи 146-и Кодекси Андоз. Лаҳзаи хароҷот ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ

  1. Лаҳзаи хароҷоти вобаста ба аҳд (шартнома) лаҳзаи иҷрои ҳамаи шартҳои зайл ҳисобида мешавад, ба шарте, ки агар ҳамин модда муқаррароти дигареро пешбинӣ накарда бошад:

– ҳангоми аз тарафи андозсупоранда бечунучаро эътироф шудани ўҳдадории молиявӣ;

-ҳангоми арзёбии ба қадри кофӣ дақиқи ҳаҷми ўҳдадории молиявӣ;

– агар ҳамаи тарафҳои дар аҳд ё шартнома иштирокдошта тибқи аҳд ё шартнома ўҳдадориҳояшонро воқеан иҷро карда бошанд ва маблағҳои дахлдор бояд ҳатман пардохт шаванд.

  1. Вобаста ба шартҳои дар қисми 1 ҳамин моддапешбинишуда ўҳдадории молиявӣ маънои ўҳдадориеро дорад, ки андозсупоранда мутобиқи аҳд (шартнома) қабул кардааст ва тарафи дигари дар аҳд (шартнома) иштирокдошта бо мақсади иҷрои он вазифадор аст, ки даромади дахлдорро дар шакли пулӣ ё шакли дигар ба андозсупоранда пешниҳод намояд.
  2. Ҳангоми пардохти фоизҳо тибқи ўҳдадории қарз ё пардохт барои молу мулки ба иҷора гирифташуда лаҳзаи хароҷот намудан лаҳзаи ба охир расидани мўҳлати ўҳдадории қарз ё шартномаи иҷора ҳисобида мешавад. Агар мўҳлати ўҳдадории қарз ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, хароҷот ба ин давраҳои андоз мувофиқи тартиби ҳисобу замкунии он тақсим карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …