Главная / Ҷамъият / Беэътибор донистани фарзандхондии кӯдак

Беэътибор донистани фарзандхондии кӯдак

Моддаи 145-и Кодекси оила. Беэътибор донистани фарзандхондии кӯдак

Фарзандхондии кӯдак дар ҳолатҳое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:

– ҳалномаи фарзандхондӣ ба ҳуҷҷатҳои қалбакӣ асос ёфта бошад;

– фарзандхондӣ қалбакӣ бошад;

– шахси ба балоғатрасида ба фарзандхондӣ қабул шуда бошад;

–  фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд ӯро ғайриқобили амал ё қобили  амалаш  маҳдуд эътироф карда бошад;

– шахси фарзандхондкарда бо ҳалномаи суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда бошад;

– шахсоне, ки барои номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташуда аз ӯҳдадориҳои васӣ ё парасторӣ бартараф карда шуда бошанд;

– фарзандхондӣ бинобар гуноҳи содиркардаи собиқ фарзандхондагон аз ҷониби суд бекор карда шуда бошад;

– шахсоне, ки бинобар  вазъи саломатӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модариро  амалӣ намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будани шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) қарор  диҳад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …