Главная / Ҷамъият / Принсипҳои ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба об

Принсипҳои ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба об

Моддаи 145-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Принсипҳои ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба об

1.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ оид ба муносибатҳои вобаста ба об зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти худ, истифодаи сарфакорона ва ҳифзи захираҳои обро дар асоси риояи принсипҳои ҳуқуқи байналхалқии об, ҳамкории муфид ва дӯстона бо давлатҳои хориҷӣ, бехатарии умумии экологӣ, инкишофи ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба обро ба асос мегирад.

2.Муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об бо дигар давлатҳо бо Кодекси мазкур, дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти санадҳои ҳуқукии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим мегардад,

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …