Главная / Ҷамъият / Лаҳзаи гирифтани даромад ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ

Лаҳзаи гирифтани даромад ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ

Моддаи 145-и Кодекси Андоз. Лаҳзаи гирифтани даромад ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ

  1. Ҳуқуқи гирифтани даромад ҳангоме пайдошуда ба ҳисоб меравад, ки агар маблағи дахлдор бояд ҳатман ба андозсупоранда пардохт шавад ё андозсупоранда тамоми ўҳдадориҳояшро тибқи аҳд ё шартнома иҷро карда бошад.
  2. Агар андозсупоранда корро иҷро кунад ё хизмат расонад, ҳуқуқи гирифтани даромад дар лаҳзаи иҷрои ниҳоии кор ё хизматрасонии дар аҳд ё шартнома пешбинишуда бадастовардашуда ба ҳисоб меравад.

Агар аҳд ё шартнома иҷрои кор ё хизматрасониро марҳала ба марҳала пешбинӣ намояд, ҳуқуқи гирифтани даромад дар ҳар марҳала дар лаҳзаи ниҳоии иҷрои кор ё хизматрасонии ин марҳала пайдо мешавад, агар моддаи 148 Кодекси мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

  1. Агар андозсупоранда даромад гирад ё барои гирифтани даромад дар шакли фоиз ё даромад барои ба иҷора додани молу мулк ҳуқуқ дошта бошад, ҳуқуқи гирифтани даромад дар лаҳзаи ба охир расидани мўҳлати ўҳдадории қарз ё шартномаи иҷора бадастовардашуда ҳисоб мешавад. Агар мўҳлати ўҳдадории қарз ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, даромад ба ин давраҳои андоз мувофиқи тартиби ҳисобу замкунии он тақсим карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …