Моддаи 144-и Кодекси Андоз. Принсипҳои баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷот ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ
Андозсупорандае, ки тибқи усули ҳисобу замкунӣ баҳисобгириро пеш мебарад, бояд даромаду хароҷотро мутобиқи моддаҳои 145 ва 146 Кодекси мазкур мутаносибан аз лаҳзаи гирифтани ҳуқуқ ба даромад ё пайдо шудани ўҳдадории пардохт, сарфи назар аз вақти воқеии гирифтани даромад ё иҷрои пардохт, ба ҳисоб гирад.