Главная / Ҷамъият / Оқибати бекор кардани фарзандхондии кӯдак

Оқибати бекор кардани фарзандхондии кӯдак

Моддаи 143-и Кодекси оила. Оқибати бекор кардани фарзандхондии  кӯдак 

  1. Дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни фарзандхондшуда ва фарзандхондаю хешовандонаш қатъ гардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни кӯдак ва падару модару хешовандонаш барқарор карда мешаванд, агар инро манфиати кӯдак тақозо кунад.
  2. Дар сурати бекор кардани фарзандхондӣ, кӯдак бо ҳалномаи суд ба падару модараш супурда мешавад. Дар сурати набудани падару модар, инчунин агар ба падару модар супурдани кӯдак хилофи манфиати ӯ бошад, кӯдак барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ дода мешавад.
  3. Суд ҳамчунин масъалаи нигоҳ доштан ё надоштани ном, номи падар ва насаби кӯдакро, ки бо сабаби фарзандхондӣ ба ӯ дода шудаанд, ҳал менамояд. Дигар кардани ном, насаб ё номи падари кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо розигии ӯ мумкин аст.
  4. Суд бо назардошти манфиати кӯдак, ҳуқуқ дорад фарзандхондкардагони собиқро ӯҳдадор созад, ки ба андозаи муқаррарнамудаи моддаҳои 81 ва 83 ҳамин Кодекс барои таъминоти кӯдак маблағ пардозанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …