Главная / Ҷамъият / Лаҳзаи хароҷот намудан дар баъзе ҳолатҳои ҷудогона бо истифодаи усули кассавӣ

Лаҳзаи хароҷот намудан дар баъзе ҳолатҳои ҷудогона бо истифодаи усули кассавӣ

Моддаи 143-и Кодекси Андоз. Лаҳзаи хароҷот намудан дар баъзе ҳолатҳои ҷудогона бо истифодаи усули кассавӣ

  1. Лаҳзаи хароҷот намудан, агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, лаҳзаи аз тарафи андозсупоранда воқеан анҷом додани хароҷот ба ҳисоб меравад.
  2. Агар андозсупоранда маблағҳои пулӣ супорад, лаҳзаи хароҷот намудан лаҳзаи пардохти маблағҳои пули нақд, ҳангоми пардохти ғайринақдӣ бошад, ин лаҳза лаҳзаи аз тарафи бонк гирифтани супоришномаи андозсупоранда дар бораи гузаронидани маблағҳои пулӣ (дар ҳолате, ки дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда маблағҳои кофӣ мавҷуд бошанд) дониста мешавад.
  3. Ҳангоми бекор кардан ё пўшонидани ўҳдадории молиявӣ дар назди андозсупоранда, аз ҷумла ҳангоми баҳисобгирии байниҳамдигарӣ, лаҳзаи хароҷот намудан лаҳзаи бекор кардан ё пўшонидани ўҳдадории молиявӣ дониста мешавад.
  4. Ҳангоми пардохтани фоизҳо тибқи ўҳдадории қарзӣ ё додани маблағ барои иҷораи молу мулк, агар мўҳлати ўҳдадорӣ ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, маблағи фоизҳои пардохтшуда (пардохти иҷора), ки амалан барои давраи андоз нигоҳ дошта мешавад, маблағи фоизҳое (пардохти иҷорае) мебошад, ки бояд дар ин давра супорида шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …