Главная / Ҷамъият / Маълумотҳое, ки дар қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода мешаванд

Маълумотҳое, ки дар қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода мешаванд

Моддаи 141-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Маълумотҳое, ки дар қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода мешаванд 

  1. Дар қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд маълумотҳои зерин  нишон дода шаванд:

– вазифа, насаб, ном ва номи падари судя ё шахси мансабдори ваколатдоре, ки қарор қабул кардааст;

– вақт ва маҳалли баррасии парванда;

– маълумот дар бораи шахсе, ки нисбати ӯ парванда баррасӣ гардидааст;

– ҳолатҳое, ки зимни баррасии парванда муқаррар карда шудаанд;

– моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё асосҳои қатъ кардани пешбурди парвандаро пешбинӣ менамояд;

– асосноккунии қарор вобаста ба парванда;

– мӯҳлат ва тартиби шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор.

  1. Ҳангоми таъин кардани ҷаримаи маъмурӣ дар қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ғайр аз маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида бояд андозаи ҷарима ва дар бораи қабулкунандаи ҷарима маълумот оварда шавад, ки он мутобиқи қоидаҳои тартиб додани ҳуҷҷатҳои пардохт барои интиқоли маблағи ҷаримаи маъмурӣ зарур мебошад.
  2. Агар ҳангоми ҳалли масъалаи аз тарафи судя таъин кардани ҷазои маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамзамон масъалаи ҷуброни зарари молумулкӣ ҳал карда шавад, он гоҳ дар қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ андозаи зарари ҷуброншаванда, мӯҳлат ва тартиби пардохти он  зикр мегардад.
  3. Ҳангоми аз ҷониби мақомоти ваколатдор таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият масъалаҳои марбут ба чораҳои зарурии таъмини иҷрои ин ҷазои маъмурӣ низ ҳал карда мешаванд, ки онҳо аз манъ кардани фаъолияти шаҳрвандоне, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ менамоянд, шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо, намояндагиҳо, воҳидҳои сохтории шахсони ҳуқуқӣ, қитъаҳои истеҳсолӣ ва истифодаи агрегатҳо, объектҳо, биною иншоот, намудҳои алоҳидаи фаъолият (кор ва хизматрасонӣ) иборат мебошанд.
  4. Дар қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд масъалаи молу мулк ва ҳуҷҷатҳои гирифташуда ва молу мулки ба ҳабс гирифташуда ҳал карда шавад, ба шарте ки нисбати онҳо ҷазои маъмурӣ дар намуди мусодира ё бо подош гирифтан татбиқ нашуда бошад ва ё набояд татбиқ шавад. Ҳамзамон бояд:

– молу мулк ва ҳуҷҷатҳое, ки аз муомилоти гражданӣ гирифта нашудаанд, ба соҳиби қонуниашон баргардонида шаванд ва агар соҳибашон муқаррар карда нашуда бошанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлат гузаронида шаванд;

– молу мулки аз муомилоти гражданӣ гирифташуда ба ташкилотҳои дахлдор супорида  ё нобуд карда шаванд;

– ҳуҷҷатҳое, ки далели шайъӣ мебошанд, дар тамоми мӯҳлати нигоҳдории парванда нигоҳ дошта шаванд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони манфиатдор супорида шаванд.

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи чораи ҷазои маъмурӣ қайди дахлдор сабт карда мешавад.
  2. Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, агар нисбати он шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад, баъди ба охир расидани мӯҳлати овардани шикоят ё эътироз аз болои он, эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Дар сурати овардани эътироз, шикоят ё пешниҳод нисбати қарор баъди аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ, суди болоӣ баррасӣ гаштани парванда ин қарор эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

 

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …