Главная / Ҷамъият / Ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд

Ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд

Моддаи 14-и Кодекси оила.  Ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ  мегарданд

(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:

– байни шахсоне, ки   яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда  қарор дошта бошад;

байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ) (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

– байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай ( ки аз як падар ё модаранд);

байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290);

– байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290);

– байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290);

– байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290);;

– байни  фарзандхондагон  ва фарзандхондшудагон;

– байни шахсоне, ки суд  яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф  кардааст;

– байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд намудааст.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …