Главная / Ҷамъият / Шартҳои ҷойгиркунӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои ба ҳолатиобҳо таъсиркунанда

Шартҳои ҷойгиркунӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои ба ҳолатиобҳо таъсиркунанда

Моддаи 14-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шартҳои ҷойгиркунӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои ба ҳолатиобҳо таъсиркунанда

1.Ҷойгиркунӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои наву таҷдидгардида, инчунин ҷорӣ намудани равандҳои нави технологӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, бояд истифодаи сарфакоронаи обҳо бо риояи талаботи бехатарии экологӣ ва ҳифзи саломатӣ, дар навбати аввал қонеъ гардонидани ниёзи аҳолиро ба оби нӯшокӣ ва эҳтиёҷоти маишӣ таъмин намояд. Бо ин мақсад тадбирҳои таъминкунандаи масъалаҳои зайл пешбинӣ мегарданд:

-баҳисобгирии оби аз объектҳои об гирифта ва ба онҳо баргардонидашаванда;

-ҳифзи обҳо аз ифлосу олудашавӣ, камшавӣ;

-пешгирии таъсири зараровари обҳо;

-маҳдуд кардани обзеркунии заминҳо то андозаи ҳадди ақали имконпазир;

-ҳифзи заминҳо аз обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, шӯршавӣ ва хушкшавӣ;

-ташкили ҳудуди ҳифзи об ва нигоҳ  доштани шароитҳои мусоиди минтақаҳои табиӣ.

2.Ҳангоми ба лоиҳагирӣ ва сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, вобаста ба шароити табиӣ ва хоҷагӣ бояд тадбирҳое сари вақт амалӣ гардонида шаванд, ки ҳифзи моҳӣ ва дигар ҳайвоноту набототи обӣ ва шароитро барои барқарор кардани онҳо таъмин намуда, инчунин имкониятҳои истифода аз объектҳои об ҷиҳати истироҳат ва варзишро ба инобат гиранд.

3.Ҳангоми балоиҳагирӣ ва сохтмони иншоот ё азнавсозии объектҳои мавҷуда барои гирифтани обҳои зеризаминӣ низоми истифодаи ин иншоот бояд ифлосу камшавии онҳоро истисно намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …