Ҳисобкунии муҳлатҳои дар Кодекси мазкур муқарраршуда
Meg S
27.03.2018
Ҷамъият
67 Показы
Моддаи 14-и Кодекси Меҳнат. Ҳисобкунии муҳлатҳои дар Кодекси мазкур муқарраршуда

- Муҳлате, ки бо он Кодекси мазкур оғоз, тағйир ва ё қатъи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатиро вобаста мекунад, аз рўзи дигари баъд аз санаи тақвимӣ, ки оғози онро муайян намудааст, сар мешавад.
- Муҳлатҳое, ки бо солҳо, моҳҳо ва ҳафтаҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд, дар санаҳои дахлдори соли охир, моҳ ва ё ҳафтаи охири муҳлат ба охир мерасанд. Ба муҳлатҳои ба ҳисоби ҳафта ва ё рўзҳои тақвимӣ шуморидашаванда рўзҳои ғайрикорӣ низ дохил мегарданд.
- Агар рўзи охирини муҳлат ба рўзи ғайрикорӣ рост ояд, пас рўзи аввали кории минбаъда рўзи ба охир расидани муҳлат ба ҳисоб меравад.
Кодекси Мехнат 2018-03-27