Главная / Ҷамъият / Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Моддаи 14-и  Қарори шаҳрсозӣ. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ

 
 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар доираи ваколатҳои худ:
– риояи қонунгузорӣ дар бораи шаҳрсозиро назорат ва нигоҳдории фонди манзил, бино ва иншооти таъиноти ҷамъиятӣ ва истеҳсолиро таъмин менамоянд;
– масъалаҳои ҷойгиркунонии аҳолӣ ва рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоиро ҳал мекунанд;
– вазифаҳои фармоишгарро оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ барои сохтмони объектҳои аҳамияти маҳаллидошта иҷро намуда, маблағгузории онҳоро таъмин мекунанд;
– дар бораи сохтмони бино ва иншоот қарор қабул мекунанд;
– дар ҳудуди худ фаъолияти шаҳрсозиро, ки ба талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ нест, маҳдуд месозанд, бозмедоранд ва манъ менамоянд. Маҳдудсозӣ, боздоштан ва манъ намудани фаъолияти шаҳрсозии субъектҳои соҳибкорӣ бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳои маҳдудсозӣ ва боздоштани фаъолият дар мӯҳлати на беш аз даҳ рӯзи корӣ бо сабаби пешгирии ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулодда, эпидемияҳо ва дигар таҳдидҳои воқеӣ ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ;
– нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳои ҳудуди дахлдорро таҳия ва бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;
– нақшаҳои генералии шаҳракҳо, маҳалҳои аҳолинишини деҳот, лоиҳаҳои муфассали банақшагирии қисмҳои ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд – нақшаҳои муфассали банақшагирӣ) ва нақшаҳои иморатсозии маҳаллаҳо ва дигар унсурҳои сохтори банақшагирии маҳалҳои аҳолинишинро маъқул дониста, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор барои тасдиқ пешниҳод менамоянд;
– таҳия ва татбиқи тарҳи банақшагирии ҳудудҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, тарҳ ва лоиҳаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ободониро амалӣ мекунанд;
– лоиҳаҳои банақшагирии ноҳия (гурӯҳи ноҳияҳо) – ро тасдиқ мекунанд;
– сарҳади объектҳои фаъолияти шаҳрсозии танзими махсуси аҳамияти маҳаллидошта ва тартиби танзими фаъолияти шаҳрсозиро дар ҳудудҳои объектҳои дахлдор муқаррар менамоянд;
– маблағгузорӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии маҳалҳои аҳолинишин, таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ, мониторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ, гузаронидани таҳқиқоти маҷмӯии муҳандисӣ, таҳияи харитаҳои сейсмикии маҳалҳои аҳолинишин, мониторинги татбиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва гузаронидани экспертизаи онҳоро таъмин менамоянд;
– ба аҳолӣ дар бораи қарорҳои қабулшаванда оид ба фаъолияти шаҳрсозӣ мунтазам иттилоъ медиҳанд;
– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …