Главная / Ҷамъият / Муқаррар намудани андозаи музди меҳнати кормандон

Муқаррар намудани андозаи музди меҳнати кормандон

Моддаи 139-и Кодекси Меҳнат. Муқаррар намудани андозаи музди меҳнати кормандон

  1. Музди меҳнати кормандон вобаста ба миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёрҳои меҳнатие (меъёри коркард, меъёри вақт, меъёри хизматрасонӣ) мебошанд, ки онҳоро корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат, меъёрҳои тарифӣ ва коэффитсиентҳои байнидараҷавӣ, мувофиқи сатҳи дастовардҳои техникӣ, технологӣ ва ташкили истеҳсолот дар ҳолати барои кормандон муҳайё намудани шароити муътадили кор муқаррар мекунад.
  2. Андозаи музди меҳнат бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешавад. Музди меҳнат камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат буда наметавонад ва бо ягон ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад.
  3. Низоми пардохти музди меҳнат, андозаи ставкаҳои тарифӣ, маошҳо ва дигар намуди музддиҳиро муайян мекунанд:

– барои кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд – санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– барои кормандони ташкилотҳои маблағгузориашон омехта (қисман маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ва қисман аз фаъолияти соҳибкорӣ) – санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо;

– барои кормандони дигар ташкилотҳо – шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо.

  1. Корфармо ҳуқуқ дорад, дар мувофиқа бо намояндагони кормандон низоми гуногуни мукофотонидан, ҳавасмандгардонии музднок ва иловапулиро муайян намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …