Главная / Ҷамъият / Тартибот дар маҷлиси судӣ

Тартибот дар маҷлиси судӣ

Моддаи 139-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартибот дар маҷлиси судӣ 

  1. Муҳокимаи судӣ дар шароите, ки барои кори мӯътадили суд ва амнияти иштирокчиёни мурофиа мусоид аст, гузаронида мешавад.
  2. Ҳангоми ба толори маҷлиси суд ворид шудани суд, судя бо хитоби котиби маҷлиси суд “Суд меояд, хоҳишмандам аз ҷой бархезед!” ҳамаи ҳозирин аз ҷой бармехезанд.
  3. Дар рафти мурофиа иштирокчиёни муҳокимаи судӣ аз ҷой бармехезанд ва ҳар гоҳ ба суд бо ибораи “Мӯҳтарам суд” муроҷиат мекунанд, нишондод медиҳанд ва арзи изҳорот мекунанд. Сарфи назар кардани қоидаҳои мазкур танҳо бо иҷозати раисикунанда мумкин аст.
  4. Ҳамаи иштирокчиёни муҳокимаи судӣ, ҳамчунин ҳамаи шаҳрвандони дар толори маҷлиси суд ҳозирбуда бояд амри раисикунандаро дар бобати риояи тартибот дар маҷлиси суд иҷро намоянд.
  5. Дар сурати итоат накардани иштирокчиёни парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба амри судя ё риоя накардани тартибот ҳангоми маҷлиси судӣ, ҳамчунин барои аз тарафи шахс содир кардани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро ба суд ё қоидаҳои дар суд муқарраршуда шаҳодат медиҳад, аз ҷониби суд, судя ё шахси мансабдори ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ тибқи талаботи Кодекси мазкур протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маводи зарурӣ тартиб дода, ба раиси суди дахлдор пешниҳод карда мешавад.
  6. Раиси суд протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маводи заруриро барои беғаразона ва моҳиятан баррасӣ кардан ба дигар судя месупорад. Судя протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маводи заруриро омӯхта, дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ нисбати шахси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содирнамуда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, онро мувофиқи талаботи Кодекси мазкур баррасӣ менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …