Главная / Ҷамъият / Таъмини шароити муътадил барои иҷрои меъёри меҳнат

Таъмини шароити муътадил барои иҷрои меъёри меҳнат

Моддаи 138-и Кодекси Меҳнат. Таъмини шароити муътадил барои иҷрои меъёри меҳнат

  1. Корфармо уҳдадор аст, ки барои кормандон ҷиҳати иҷрои меъёрҳои меҳнат шароити муътадил фароҳам оварад.
  2. Ба шароити муътадили меҳнат дохил мешаванд:

– таъмини фармоиш ва ҳаҷми корҳо;

– ҳолати коршоямии мошинҳо, дастгоҳҳо ва дигар олотҳо;

– таъмини саривақтии ҳуҷҷатҳои техникӣ;

– сифати дахлдори мавод ва ашёҳое, ки барои иҷрои кор ва истифода зарур мебошанд ва таъмини саривақтии онҳо;

– таъминоти саривақтии истеҳсолот бо қувваи барқ, газ ва дигар сарчашмаҳо;

– шароити бехатар ва мусоиди меҳнат (риояи қоида ва меъёрҳои техникаи бехатарӣ, таъмини сару либоси инфиродии муҳофизатӣ, равшании зарурӣ, гармӣ, шамолдиҳӣ, бартараф кардани оқибати садоҳои зарарнок, нурафкан, ларзиш ва дигар омилҳое, ки ба саломатии кормандон таъсири манфӣ мерасонанд).

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …