Главная / Ҷамъият / Талаботи умумӣ ҳангоми пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ

Талаботи умумӣ ҳангоми пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ

Моддаи 138-и Кодекси Андоз. Талаботи умумӣ ҳангоми пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ

Мақомоти андоз аризаро барои татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ аз рўи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мавриди иҷрои талаботи зерин қабул менамоянд:

1) Бо ариза дар як вақт пешниҳод намудани:

а) нусхаи қарордодҳо (шартномаҳо, созишномаҳо) барои иҷрои корҳо (хизматрасониҳо) ё барои дигар мақсадҳо;

б) нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;

в) шарҳи маблағи даромадҳо аз хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ҳамлу нақли  байналмилалӣ ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) санади корҳои иҷрошуда – ҳангоми аз ҷониби ғайрирезидент ба иҷро расидани намудҳои гуногуни корҳо, санади қабули истифодабарии объект – ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ, ҳисобнома ё дигар ҳуҷҷати пардохт, ки гирифтани даромадро аз хизматрасонӣ тасдиқ менамояд.

2) Аз ҷониби агенти андоз пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ, ки маблағи ҳисобшуда ва (ё) пардохтшудаи даромадҳо ва андозҳои нигоҳдошташударо тасдиқ менамоянд.

3) Тасдиқи резидент будани аризадиҳанда аз ҷониби мақоми салоҳиятдор ё ваколатдори давлати аризадиҳандае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он санади ҳуқуқии байналмилалӣ бастааст (бо замимаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ).

4) Ҳуҷҷате, ки резидентии ғайрирезидентро тасдиқ мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шавад ё ба он апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад (ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1244).

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …