Главная / Ҷамъият / Тартиби баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мавқуф гузоштани онҳо

Тартиби баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мавқуф гузоштани онҳо

Моддаи 137-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартиби баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мавқуф гузоштани онҳо 

  1. Ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ:

– эълон карда мешавад, ки парвандаро кӣ баррасӣ менамояд, кадом парванда баррасӣ мегардад, кӣ ва барои содир кардани кадом ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад;

– муқаррар карда мешавад, ки оё шахси воқеӣ ё намояндаи қонунии ӯ ё намояндаи шахси ҳуқуқие, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда мешавад, инчунин дигар иштирокчиёни баррасии парванда ба мурофиа ҳозир шудаанд ё не;

– санҷида мешавад, ки оё намояндаи қонунии шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ҳимоятгар ва намоянда барои иштирок дар баррасии ин парванда ваколат доранд ё не;

– муайян карда мешавад, ки оё иштирокчиёни баррасии парванда бо тартиби муқарраргардида дар бораи вақт ва маҳалли баргузории муҳокима огоҳ карда шудаанд ё не, инчунин сабабҳои ҳозир нашудани иштирокчиёни баррасии парванда муайян карда, аз рӯйи он дар бораи баррасии парванда дар ғоибии ин шахсон  ё мавқуф гузоштани баррасии парванда қарор қабул карда мешавад;

– ба шахсони иштирокчии баррасии парванда ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо фаҳмонида мешавад;

– дархост ва раддияҳои изҳоршуда баррасӣ карда мешаванд.

  1. Таъинот дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда дар ҳолатҳои зерин бароварда мешавад:

– ҳангоми ворид шудани аризаи худрадкунӣ ё радкунии судя, узви мақоми коллегиалӣ ё шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи парванда;

– радкунии мутахассис, коршинос ё тарҷумон, агар радкунии зикршуда барои моҳиятан баррасӣ кардани парванда мамониат намояд;

– ҳангоми зарурати ҳозиршавии шахсони иштирокчии баррасии парванда ё талаб кардани маводи иловагӣ барои баррасии парванда ё таъини экспертиза;

– маҷбуран овардани шахсе, ки иштироки ӯ зимни баррасии парванда мутобиқи қисми 3 моддаи 134 Кодекси мазкур ҳатмӣ дониста шудааст;

– дар дигар маҳал баррасӣ кардани  парванда мутобиқи моддаи 135 Кодекси мазкур.

  1. Дар сурати идома ёфтани баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиби тадқиқи далелҳо муайян карда мешавад, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳангоми зарурат дигар маводи парванда низ эълон карда мешаванд. Баёноти шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқие, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда мешавад ва шахсони дигари иштирокчии баррасии парванда, шарҳи мутахассис ва хулосаи коршинос шунида мешаванд, далелҳои дигар тадқиқ гардида, ҳангоми иштироки прокурор дар баррасии парванда хулосаи ӯ шунида мешавад.
  2. Ҳангоми зарурат мутобиқи Кодекси мазкур амалҳои дигари мурофиавӣ низ анҷом дода мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …