Сабти номи шахсони фарзандхондкарда ҳамчун падару модари кӯдаки фарзандхондшуда
Meg S
13.04.2018
Ҷамъият
107 Показы
Моддаи 136-и Кодекси оила. Сабти номи шахсони фарзандхондкарда ҳамчун падару модари кӯдаки фарзандхондшуда

- Бо хоҳиши шахсони фарзандхондкарда суд метавонад оиди дар дафтари сабти таваллуд ҳамчун падару модари кӯдаки фарзандхондшуда сабт намудани номи онҳо ҳалнома қабул намояд.
- Барои чунин сабт нисбати кӯдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 32 ҳамин Кодекс, розигии кӯдак зарур аст.
- Дар хусуси зарурати чунин сабт дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ нишон дода мешавад.
Кодекси оила 2018-04-13