Главная / Ҷамъият / Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об

Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об

Моддаи 136-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об

1.Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об маҷмӯи маълумоти ба низом даровардашудаи паспортикунонии объектҳои хоҷагии об мебошад. Татбиқи Феҳристи давлатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об анҷом дода  мешавад. ҳар як объекти хоҷагии оби ба Феҳристи давлатӣ дохилшуда бояд дорои тавсифномаи   маҷмӯие  бошад, ки таъиноти мақсадноки  хоҷагӣ, ҳуқукӣ, физикию  ҷуғрофӣ, гидрологӣ, техникию иқтисодӣ ва  дигар нишондиҳандаҳоро  дар бар  гирад.  Ворид намудан  ба рӯйхати Феҳристи давлатӣ дар як вақт бо додани  иҷозат барои истифодаи  махсуси об амалӣ карда мешавад.

2.Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об аз инҳо иборат аст:

– феҳристи давлатии субъектҳои хоҷагии об;

– феҳристи давлатии объектҳои дорои аҳамияти муҳими стратегӣ.

3.Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (КҶТ аз 20.03.08c, №381).

4.Тартиб ва меъёри пардохтро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ба қайд гирифтани объеки хоҷагии об дар Феҳристи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …