Главная / Ҷамъият / Маҳали баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Маҳали баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 135-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Маҳали баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҳали содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур. Бо дархости шахсе, ки нисбати ӯ  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда мешавад, инчунин дар мавридҳои дигар, мумкин аст, парванда дар маҳали истиқомати ин шахс баррасӣ гардад.
  2. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки боиси маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт мегардад, метавонад дар маҳали бақайдгирии воситаи нақлиёт баррасӣ карда шавад.
  3. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати хизматчии ҳарбӣ дар суди ҳарбии гарнизоне, ки дар ҳудуди фаъолияти он ҳуқуқвайронкунӣ содир шудааст, баррасӣ карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …