Главная / Ҷамъият / Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда

Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда

Моддаи 134-и Кодекси оила. Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда 

  1. Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда нигоҳ дошта мешавад.
  2. Бо хоҳиши шахси фарзандхонда ба фарзандхондшуда насаби фарзандхонда, инчунин номе, ки фарзандхонда додааст, гузошта мешавад. Ба кӯдаки фарзандхондшуда номи марди фарзандхондкарда, ҳамчун насаб гузошта мешавад, агар шахси фарзандхондкарда ҷинси зан бошад ба кӯдаки фарзандхондшуда номи касе, ки зан ӯро ба сифати падари кӯдаки фарзандхондшуда зикр намудааст, гузошта мешавад. Агар насаби зану шавҳари фарзандхондкарда гуногун бошад, бо мувофиқаи фарзандхондкардагон ба кӯдаки ба фарзандхондӣ гирифтаашон насаби яке аз онҳо ё ба тартиби пешбининамудаи моддаи 58 ҳамин Кодекс насаб дода мешавад.
  3. Ҳангоми кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани зан (мард), ки дар ақди никоҳ нест, бо хоҳиши ӯ насаб ва номи падар (модар), инчунин номи падари (модари) кудаки фарзандхондшуда дар китоби сабти таваллуд бо нишондоди ин шахс (фарзандхонда) навишта мешавад.
  4. Тағйир додани насаб, ном ва номи падари кӯдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 132 ҳамин Кодекс пешбинигардида, танҳо бо розигии ӯ мумкин аст.
  5. Дар бораи тағйир додани насаб, ном ва номи падари фарзандхондшаванда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ зикр карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …