Главная / Ҷамъият / Тартиби татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбанди

Тартиби татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбанди

Моддаи 134-и Кодекси Андоз. Тартиби татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии даромадҳо аз расонидани хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли  байналмилалӣ

  1. Даромадҳо аз хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезиденти дорои ҳуқуқ барои татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ гирифта мешавад, бояд бе пешниҳоди ариза оид ба татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ дар асоси ҳуҷҷате, ки резидент будани ўро тасдиқ мекунад, аз андозбандӣ озод карда шавад, агар ин шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба чунин фаъолият муассисаи доимӣ дошта бошад.
  2. Ҳамзамон чунин шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент ўҳдадор аст баҳисобгирии алоҳидаи маблағи даромадҳоро аз хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ (ки бояд мутобиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ андозбандӣ нашаванд) ва аз хизматрасонии нақлиётӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (андозбандишаванда) таъмин намуда, ин даромадҳоро дар эъломияи андоз аз фоида дарҷ намояд.Маблағи умумии фоидаи андозбандишаванда  (даромади андозбандишаванда) дар эъломияи дар боло пешбинишуда ба маблағи фоидаи андозбандишавандае (даромади андозбандишавандае), ки дар асоси баҳисобгирии алоҳида ҳисоб карда шуда, мутобиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ бояд аз андозбандӣ озод гардад, кам карда мешавад.
  3. Дар сурати татбиқи ғайриқонунии муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба буҷет гардидааст, ғайрирезидент мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣкашида мешавад.
  4. Даромади шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент, ки воситаҳои нақлиётро дар боркашонии байналмилалие, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бе таъсиси муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад ва ҳуқуқи татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалиро дорад, бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 133 Кодекси мазкур аз андозбандӣ озод карда шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …