Главная / Ҷамъият / Тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 133-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ҳангоми тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ масъалаҳои зеринро муайян менамоянд:

– баррасии ҳамин парванда таҳти салоҳияти ӯ қарор дорад ё не;

– ҳолатҳое, ки имконияти баррасии парвандаи мазкурро аз ҷониби ин судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) истисно менамоянд, вуҷуд доранд ё не;

– протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар протоколҳо дуруст тартиб дода шудаанд ё не, инчунин маводи тибқи Кодекси мазкур пешбинигардидаи парванда дуруст ба расмият дароварда шудааст ё не;

– барои моҳиятан баррасӣ кардани парванда маводи  ҷамъовардашуда кифоя аст ё не, инчунин маводи зарурии иловагӣ барои парванда талаб карда гирифта шудааст ё не;

– ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро истисно мекунанд, ҷой доранд ё не;

– аз ҷониби шахсони иштирокчии пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ягон дархост ё раддия ворид шудааст ё не.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …