Главная / Ҷамъият / Тартиби пардохти андоз аз даромадҳо

Тартиби пардохти андоз аз даромадҳо

Моддаи 133-и Кодекси Андоз. Тартиби пардохти андоз аз даромадҳои ғайрирезидентҳо аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси таъсиси муассисаи доимӣ намешавад

  1. Тартиби пардохти андозе, ки ҳамин модда пешбинӣ намудааст, нисбат ба даромади ғайрирезидент аз фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси таъсис додани муассисаи доимӣ намегардад, тибқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ карда мешавад, ба истиснои даромадҳое, ки дар моддаҳои 134-137 Кодекси мазкур зикр шудаанд.
  2. Ғайрирезиденти дар қисми 1 ҳамин моддапешбинишуда, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегирад, ҳуқуқ дорад тартиби пардохти андози пешбининамудаи ҳамин моддаро амалӣ намояд. Дар ҳолати татбиқ накардани муқаррароти ҳамин модда агенти андоз ўҳдадор аст андозро аз манбаи пардохт нигоҳ дорад ва тибқи тартиби муқаррароти умумӣ ба буҷети давлатӣ пардохт намояд.
  3. Ғайрирезиденте, ки аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегирад ва хоҳиш дорад муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалиро дар хусуси бартараф намудани андозбандии дукарата истифода барад, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ўҳдадор аст ба мақоми дахлдори андоз тибқи тартиби муқарраргардида нусхаи аслии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентиашро барои соли дахлдори тақвимӣ ва ариза оид ба татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ пешниҳод намояд.
  4. Агенти андоз дар лаҳзаи ба ғайрирезидент пардохт намудани даромад ўҳдадор аст аз манбаи пардохт андозро тибқи меъёри муайяннамудаи моддаи 128 Кодекси мазкур нигоҳ дорад ва ба мақомоти дахлдори андоз иттилоот пешниҳод намояд.
  5. Мақомоти андоз дар давоми 15 рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи гирифтани иттилооти пешниҳоднамудаи агенти андоз ҳуҷҷатҳои зарурии ғайрирезидентро омўхта, ўҳдадоранд дар ҳамон мўҳлат қарори худро ба агенти андоз хабар диҳанд. Дар ҳолати зарурати гирифтани иттилооти иловагӣ дар бораи ғайрирезидент аз мақоми андози давлати дигар, мўҳлати қабули қарори мусбӣ ё манфии мақомоти андоз метавонад дароз карда шавад.
  6. Ҳангоми гирифтани қарори мусбии мақомоти андоз барои баргардонидани андози нигоҳдошташуда, агенти андоз маблағи андози нигоҳдошташударо ба ғайрирезидент месупорад (мепардозад).
  7. Дар ҳолати розӣ набудан бо қарори манфии мақомоти андоз, ғайрирезидент ҳуқуқ дорад дар давоми 10 рўзи тақвимӣ аз рўзи гирифтани чунин қарор ба мақоми ваколатдори давлатӣ (дар ҳолати зарурат, бо ҷалб намудани мақоми ваколатдори мамлакати резидентиаш) бо ариза дар хусуси такроран баррасӣ кардани масъалаи вобаста ба қонунан дуруст будани татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ муроҷиат ва ҳамзамон мақомоти андоз ва агенти андозро дар хусуси шикояти қарори онҳо огоҳ намояд.
  8. Ҳангоми аз ҷониби мақомоти андоз қабул гардидани қарори манфӣ аз рўи ариза ва дар ҳолатиаз ҷонибиагенти андоз дар мўҳлати 10 рўз аз ғайрирезидент нагирифтани огоҳии дар қисми 7 ҳамин модда муқарраршуда оид ба норозӣ будан бо қарори мақомоти андоз, агенти андоз ўҳдадор аст маблағи нигоҳдошташудаи андозро ба буҷет гузаронад.
  9. Дар ҳолати аз ҷониби ғайрирезидент ё агенти андоз иҷро нагардидани талаботи ҳамин модда, ўҳдадорӣ оид ба гузаронидани андози аз манбаи пардохт нигоҳдошташуда ба буҷет ва муҷозоти ҷаримавӣ барои дар вақташ нагузаронидани андоз ба зиммаи агенти андоз гузошта мешавад.
  10. Мақомоти андоз ўҳдадоранд баҳисобгирии маблағҳои зеринро баранд:

-маблағҳои даромадҳо аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки агентҳои андоз ба ғайрирезидентҳо пардохт намудаанд (барои пардохт пешбинӣ намудаанд), новобаста ба маҳалли пардохт ва маблағи андози нигоҳдошташуда;

-маблағҳои андозҳои ба ғайрирезидентҳои дорои ҳуқуқ ба татбиқи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пардохткардашуда (баргардонидашуда);

-маблағҳои андозҳоеро, ки агентҳои андоз аз даромадҳои ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштаанд ва ба буҷет гузаронидаанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …