Главная / Ҷамъият / Мубориза бо обхезӣ дар минтақаҳои хавфи зиёд

Мубориза бо обхезӣ дар минтақаҳои хавфи зиёд

Моддаи 1323-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Мубориза бо обхезӣ дар минтақаҳои  хавфи зиёд

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об якҷоя бо мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дорои хавфи зиёди пайдоиши ярч, лағжиш ва обхезӣ мониторинги ин гуна ҳодисаҳоро таъмин намуда, чораҳои огоҳонӣ ва назоратӣ меандешад.
  2. Ҳангоми таҳия ва татбиқи чораҳои огоҳонӣ аз обхезӣ ба ҳимояи иншооти обтақсимкунандаи минтақаҳои аҳолинишин, анборҳои нигоҳдории партовҳои кимиёвӣ ва радиоактивӣ, дигар моддаҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок, инчунин дигар иншооти калони иқтисодӣ, ки дар минтақаҳои дорои хавфи зиёди обхезӣ ҷойгир мебошанд, диққати махсус дода шавад.
  3. Минтақаҳое, ки дар онҳо объектҳои нисбатан зарури вилояти мазкур (шаҳр, ноҳия) ҷойгиранд, бояд бо системаи  муҳандисии муҳофизат аз обхезӣ ва дигар таъсирҳои зараровари об таъмин карда шаванд. (КҶТ аз 3.12.09с, №572).
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …