Главная / Ҷамъият / Розигии васиён (парасторон), роҳбарони муассисаҳое, ки кӯдакони бепарастормонда дар онҷо қарор доранд, барои фарзандхондӣ

Розигии васиён (парасторон), роҳбарони муассисаҳое, ки кӯдакони бепарастормонда дар онҷо қарор доранд, барои фарзандхондӣ

Моддаи 131-и Кодекси оила. Розигии васиён (парасторон), роҳбарони муассисаҳое, ки кӯдакони бепарастормонда дар онҷо қарор доранд, барои фарзандхондӣ 

  1. Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, розигии хаттии васии (парасторӣ) онҳо зарур аст.

Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар монда, дар муассисаҳои дахлдори  тарбиявию тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст.

  1. Суд ҳуқуқ дорад ба манфиати кӯдак бе розигии шахсони дар қисми 1 ҳамин модда тазаккурёфта дар хусуси фарзандхондӣ ҳалнома қабул намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …