Главная / Ҷамъият / Банақшагирии тадбирҳои пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садама ва офатҳои табиӣ

Банақшагирии тадбирҳои пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садама ва офатҳои табиӣ

Моддаи 131-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Банақшагирии тадбирҳои пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои ифлосшавии объектҳои об  дар натиҷаи садама ва офатҳои табиӣ

1.Тадбирҳо  доир ба  пешгирӣ ва рафъи таъсири зарароварии об, оқибатҳои ифлосшавии объекти об дар натиҷаи садама ва офатҳои табиӣ дар дурнамои давлатии рушди хоҷагии халқ пешбинӣ карда  мешаванд.

2.Дар объектҳои об, аз ҷумла худуди ҳавзаҳо ё қисмҳои онҳо, ки дар он ҷо бар асари  фаъолияти хоҷагӣ, дигар фаъолият ё  садама ва  фалокат  тағйироти устувори  номусоиди ҳолати обӣ ба амнияту саломатии аҳолӣ, таназзули олами набототу ҳайвонот  таҳдидкунанда  ба миён омадааст, минтақаҳои фавқулоддии хатари экологӣ ё офати экологӣ эълон гардида, дар ҳолатҳои зарурӣ  давлатҳои  ҳамсарҳад аз ин хусус хабардор карда мешаванд. Низоми ҳуқуқии минтақаи фавқулоддаи  хатари экологӣ ё офати экологӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ  ва бекор карда мешавад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …