Главная / Ҷамъият / Даромаде, ки дар мамлакатҳои дорои андозбандии имтиёзнок гирифта шудааст

Даромаде, ки дар мамлакатҳои дорои андозбандии имтиёзнок гирифта шудааст

Моддаи 131-и Кодекси Андоз. Даромаде, ки дар мамлакатҳои дорои андозбандии имтиёзнок гирифта шудааст

  1. Агар резидент мустақиман ё ғайримустақим дорои зиёда аз 10 фоизи фонди оинномавӣ ё зиёда аз 10 фоизи саҳмияҳо бо ҳуқуқи овози корхонаи хориҷӣ бошад, ки дар навбати худ дар мамлакати дорои андозбандии имтиёзнок даромад мегирад, як қисми чунин даромад, ки ба резидент тааллуқ дорад, ба даромади (фоидаи) андозбандишавандаи вай (резидент) дохил карда мешавад.
  2. Давлати хориҷӣ давлати дорои андозбандии имтиёзнок ҳисобида мешавад, агар:

-меъёри андоз дар он нисбат ба меъёри мувофиқи Кодекси мазкур муқарраршуда, 30 фоиз кам бошад;

-дар он қонунҳо дар бораи махфӣ нигоҳ доштани маълумоти молиявӣ ё маълумот дар бораи ширкатҳо амал мекунанд, ки имконият медиҳанд сирри соҳиби воқеии молу мулк ё гирандаи даромад (фоида) махфӣ нигоҳ дошта шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …