Главная / Ҷамъият / Баҳисобгирии андози хориҷӣ

Баҳисобгирии андози хориҷӣ

Моддаи 130-и Кодекси Андоз. Баҳисобгирии андози хориҷӣ

  1. Маблағи андоз аз даромад ё андоз аз фоида, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шудаанд, ҳангоми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтани чунин андозҳо, дар сурати тасдиқ шудани пардохти андоз берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Ҳаҷми баҳисобгирӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, набояд аз маблағи андозе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чунин даромад ё фоида тибқи меъёрҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳисоб карда шудааст, зиёд бошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …